Гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли СҲШ

15.05.2020 15:06

15 майи 2020 гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат натиҷаҳои видеоконфронси вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ, ки 13 майи соли ҷорӣ доир гардид, муҳокима шуданд.

Зарурати ба ҳам овардани талошҳо, таҳкими ягонагӣ ва ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби Созмон бо мақсади рафъи муштараки паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳамагирии бемории сироятии коронавирус қайд гардид.

С. Муҳриддин ташаббусҳои Котиботи СҲШ дар бораи фаъол гардонидани абзорҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла тавассути таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангӣ оид ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар паҳнои СҲШ, таҳия ва қабули Консепсияи СҲШ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти озуқавориро бори дигар таъйид намуд.

 

Нигористон

Тақвим