Гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири иҷроияи Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди ИМА 

07.05.2020 18:47

7 майи 2020 бо ташаббуси ҷониби америкоӣ гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири иҷроияи Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди ИМА Адам Боҳлер баргузор гардид.

Дар суҳбат масъалаҳои мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 ва мусоидати Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди ИМА ба Тоҷикистон дар бартараф кардани паёмадҳои он баррасӣ шуданд.

Адам Боҳлер барои расонидани кумаки башардӯстона ва тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард.  

Нигористон

Тақвим