Машварати видеоӣ бо сафорату консулгариҳои Тоҷикистон

01.05.2020 17:58

1 майи 2020 дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 апрели 2020 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат дода шуданд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа машварати видеоӣ баргузор намуд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ бо дарназардошти вазъи кунунии эпидемиологӣ, мусоидат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, истифодаи таҷрибаи дигар кишварҳо дар мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 баррасӣ гардида, дар ин замина дастурҳои лозим ба дипломатҳои тоҷик дода шуданд.

PS7A2653-01-05-2020-1759.jpg

PS7A2671-01-05-2020-1800.jpg

 

Нигористон

Тақвим