Суҳбати видеоии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

27.04.2020 16:39

27 апрели 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд.

 

Нигористон

Тақвим