Ба ифтихори 28-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Украина

24.04.2020 11:01

24 апрели соли 2020 ба барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина 28 сол пур мешавад.

Тоҷикистон ва Украинаро робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил ва шарокати баробарҳуқуқ мепайвандад. 

Сатҳи баланди муносибатҳоро пояи устувори қарордодиву ҳуқуқӣ, ки аз 85 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ иборат аст, таъйид мекунад. Санади муҳим дар ин силсила Аҳднома дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина аз 6 июли соли 2001 мебошад.

Муколамаи сиёсӣ пайгирона густариш ёфта истодааст, ки ба он боздидҳои расмии сарони давлатҳо такон мебахшанд. Чунончӣ 15-16 декабри соли 2011 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Украина сурат гирифт.

Байни мақомоти корҳои хориҷии ду кишвар робитаҳои наздик барқарор шудаанд. 4 феврали соли 2020 нахустин ройзаниҳои сиёсӣ байни воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Украина баргузор гардиданд.

2 апрели соли 2020 гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба сурат гирифт, ки дар он омодагии тарафайн баҳри додани такони тоза ба муносибатҳои дуҷониба изҳор гардид.

Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина имкониятҳои зиёд доранд. Василаи асосии пешбурди ин ҳамкориҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. 3-4 марти соли 2020 дар Киев Ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ баргузор гардид, ки дар рафти он ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои иқтисодиро мавриди таҳлил қарор дода, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат, рафъи монеаҳо ва таҳкими равобит байни доираҳои соҳибкорӣ ироа намуданд. 

Ҳаҷми гардиши мутақобили мол дар соли 2019 ба 38 миллиону 290 ҳазор доллари ИМА расид.

Дар маҷмӯи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба соҳаи энергетика мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ҷонибҳо дар бунёди иншоотҳои нав ва таҷдиду бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷуда дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Корхонаҳо ва мутахассисони украинӣ дар сохтмони иншооти азими Тоҷикистон - НБО Роғун фаъолона ширкат меварзанд.

Муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пайгирона рушд ёфта истодаанд. Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Украина кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аксаран дар самтҳои муҳандисиву техникӣ омода карда мешаванд. 

Тоҷикистон ва Украина дар чаҳорчӯби СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондаанд. Соли 2016 Украина дар қатори 177 кишвари узви СММ қатъномаи Маҷмаи Умумиро таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабуд шуда буд, дастгирӣ намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ гомҳои лозим ба сӯи таъмиқи муносибатҳо бо Украина бардорад.
 

Нигористон

Тақвим