Машварати видеоӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Белгия, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон

18.04.2020 14:14

17 апрели 2020 ба мақсади пайгирии натиҷаҳои машварати видеоӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа, ки 7 апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишвар дар Русия, Қазоқистон, Белгия, Швейтсария, Австрия ва Ҳиндустон конфронси видеоӣ доир намуд.

Дар он чораҳои андешидашуда баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, таҷрибаи дигар давлатҳо дар муқобила бо бемории ҳамагир COVID-19 ва ғайра баррасӣ гардида, гузоришҳои сафирони Тоҷикистон шунида шуданд.

Дар охири ҷаласа ба намояндагиҳои дипломатӣ дастурҳои мушаххас ҷиҳати саривақт баррасӣ кардани муроҷиатҳои шаҳрвандони кишвар, вусъат додани корҳои тавзеҳотӣ дар байни ҳамватанон ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ дода шуданд.

18-04-20-12-18-S7A2516.jpg

18-04-2020-12-15-S7A2510.jpg

 

Нигористон

Тақвим