7 апрели 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа конфронси видеоӣ баргузор намуд.
Дар он вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона, роҳҳои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо дармондаанд, чораҳои пешгирии шуюи бемории мазкур дар Тоҷикистон, паёмадҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамагирии COVID-19 дар кишвар, инчунин вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.