7 апрели 2020 мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири тозатаъйини Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баргузор гардид.
Дар он дидор зимни баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои гуногун ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак, мусоҳибон изҳори умедворӣ намуданд, ки ифтитоҳи қарибулвуқӯи расмии Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе ба густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар мусоидат кунад.