6 апрели 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти пешгирии шуюи вируси нави корона баррасӣ шуданд.