Хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 23 марти 2020

23.03.2020 16:39

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандони кишвар, ки пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба мақсади пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19) пеш омадаанд,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, барои овардани шаҳрвандони мо аз Русия, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ чанд парвоз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва «Fly Dubai» анҷом дода шуданд ва ташкили парвозҳои иловагии чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва талошҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Тошканд, Нур-Султон ва Алмато барои аз тариқи долони нақлиётии автомобилӣ ба Ватан баргардонидани беш аз 1100 нафар шаҳрванди кишвар, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсоя дармонда буданд, мусоидат сурат гирифт. Ҳамчунин бо мусоидати дипломатҳои мо шаҳрвандони кишвар, ки дар Миср ҳамчун сайёҳ қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Бояд таъкид кард, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон бо шаҳрвандоне, ки бар асари маҳдудиятҳои ҷоригардида дар фурудгоҳҳои кишварҳои дигар қарор доранд, дар тамос буда, ба онҳо мусоидати заруриро мерасонанд.

Бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, бори дигар аз ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз шуюи коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд.

Нигористон

Тақвим