Хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  аз 21 марти 2020

21.03.2020 16:46

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бино бар муваққатан қатъ шудани ҳамаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз 20 марти 2020 ба манзури пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19) дар кишвар, Вазорат, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар хориҷа ба шаҳрвандони кишвар дар ҳалли мушкилоти пешомада мусоидати зарурӣ мерасонанд.

Бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, аз ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз шуюи коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд. 

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат намоянд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои мо дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард.
 

Нигористон

Тақвим