Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудияти вуруд ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон

16.03.2020 16:32

Аз 16 марти 2020 бино бар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), маҳдудияти ворид шудан ба хоки он ду кишвар ҷорӣ гардид.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо муроҷиат кунанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15.

Тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929

E-mail: tajembastana@mfa.tj

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато

Суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16.

Тел: 8107 (3272) 69 70 59, +77 77 588 3115

E-mail: tajconsalmaty@mfa.tj

Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Cуроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Қаҳҳор, 61.

Тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13

E-mail: tajembuz@mfa.tj

Нигористон

Тақвим