Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии навтаъйини СММ дар Тоҷикистон

13.03.2020 19:29

13 марти соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Ҳамоҳангсози доимии навтаъйини Созмони Милали Муттаҳид хонум Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои СММ дар Тоҷикистон дар асоси ислоҳоти фарогири низоми рушди устувор ва баргузории  Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 18-22 июни соли 2020)-ро баррасӣ намуданд.

Инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, татбиқи барнома ва лоиҳаҳои СММ дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои СММ табодули назар сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонум Сезин Синаноғлу дар фаъолияти касбиаш дар кишвари мо муваффақият орзу намуд.

PS7A2053-13-03-2020-1932.jpg

 

Нигористон

Тақвим