Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар маросими баимзорасонии созишномаи овардани сулҳ ба Афғонистон

01.03.2020 13:43

29 феврали 2020 дар Давҳа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими баимзорасонии созишномаи овардани сулҳ ба Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок намуд.

Дар маросими баимзорасонии Созишномаи сулҳ инчунин вазирони корҳои хориҷии Амрико, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Умон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Россия, Қазоқистон ва Япония оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.

Имзои созишномаи мазкур бо миёнҷигарии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқотҳои кӯтоҳи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии ИМА М.Помпео, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон А.Комилов ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р.Мередов сурат гирифтанд.

WhatsApp-Image-2020-03-01-at-13-19-53-01-03-2020-1336.jpeg

WhatsApp-Image-2020-03-01-at-13-26-24-01-03-2020-1347.jpeg

 

Нигористон

Тақвим