Раванди раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ дар хориҷа

01.03.2020 13:08

Имрӯз, 1 марти 2020 дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қитъаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуданд.

Аз соатҳои авввали кушода шудани қитъаҳои интихоботӣ чорабинии муҳимми сиёсӣ дар ҳаёти кишвар бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон оғоз гардид.

Дар сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои иштироки шаҳрвандони кишвар дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳайё гардидааст.

Ба мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ берун аз кишвар қарор доранд, дар 39 муассисаи дипломативу консулии Тоҷикистон дар Австрия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кувайт, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Малайзия, Миср, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Эрон ва Япония қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудаанд.

Шахсоне, ки синнашон ба 18 расидааст ва дорои шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, метавонанд ба қитъаи интихоботӣ ҳозир шуда, мавқеи шаҳрвандии худро баён кунанд.

Дар хориҷа кори қитъаҳои интихоботӣ то 20:00 бо вақти маҳаллӣ идома хоҳад ёфт.

Аксҳо аз рафти интихобот дар хориҷа

87983483-1089342144760299-2763977197763952640-o-01-03-2020-1259.jpg

89004277-3541764465894683-8585857250696888320-n-01-03-2020-1257.jpg

89070034-2528971830651400-7448237460435238912-o-01-03-2020-1257.jpg

 

IMG-4059-01-03-2020-1259.jpg

IMG-8634-01-03-2020-1300.jpg

20200301-10-01-03-2020-1302.jpeg

WhatsApp-Image-2020-02-29-at-13-34-28-01-03-2020-1302.jpeg

IMG-20200301-094555-01-03-2020-1303.jpg

WhatsApp-Image-2020-03-01-at-09-24-31-01-03-2020-1304.jpeg

27d314ff-a8aa-4541-b8d3-b0913dc2a52b-01-03-2020-1304.jpg

DSCN0601-01-03-2020-1305.jpg

0301-9-01-03-2020-1306.jpg

Аксҳо аз рафти интихобот дар хориҷа

Нигористон

Тақвим