Бо дарназардошти интишори вируси корона дар Чин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.
Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, дархост мешавад, ки маълумот ва ному насаби худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронии tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои телефони зерин пешниҳод кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов). Суроғаи Сафорати Тоҷикистон: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound.
Бино ба маълумоти расида, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.
Аз ҳамватанон хоҳиш менамоем, ки оромиро нигоҳ дошта, қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботҳои зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.
Сафорат ҳолати паҳншавии вируси мазкур дар Чинро пайваста пайгирӣ намуда, муосидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.
Корҳо дар ин самт идома доранд.