16-18 январи 2020 дар шаҳри Ренои иёлати Невадаи ИМА Сафир Фарҳод Салим дар намоиши «2020 Sheep Show Convention» бо даъвати “Wild Sheep Foundation” ширкат варзид. Чорабинии мазкур ба мақсади тақдими ҷоизаҳо ба шахсони алоҳида барои дастовардҳо, рушд ва афзоиши ҳайвонҳои нодир барпо гардид. Дар чаҳорчӯби намоиши имсола ду ҷоиза барои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд:
Сафир ҷоизаҳоро қабул намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои қадрдонӣ изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, таҳкими ҳамкориҳо ба амалисозии ин иқдом мусоидат хоҳад кард.