11 декабри соли 2019 дар шаҳри Брюссел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеп Боррелл мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд. Аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои зудрушдёбанда миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ шуд. Мусоҳибон доир ба ҷанбаҳои калидии шарокати Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар доштанд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.