Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Забӣ ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай 7 ноябри 2019 дар толори яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Дубай чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии мазкур ҳамватанони муқими АМА ва дигар ашхоси расмӣ иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар суханронии худ таъкид намуданд, ки қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор гузошта, дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ нақши барҷаста бозид.