Таҷлили 25- умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа

08.11.2019 16:29

Санаи 26 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа, фаъолон, роҳбарони ҷамъияти тоҷикон, шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои олии таълимии шаҳри Уфа иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин Консули генералӣ Эмом С.Д. оид ба моҳият ва нақши ин рӯйдоди сарнавиштсоз суханронӣ кард.

Ҳамчунин, ба ифтихори ин санаи фархунда миёни донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Уфа мусобиқаи футбол баргузор гардид. Баъд аз анҷоми мусобиқа ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар чорабинии мазкур дастархони миллӣ ороста шуд.

6-08-11-2019-1630.jpg

 

Нигористон

Тақвим