Мулоқот бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб

07.11.2019 11:52

5 ноябри соли 2019 мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб, Мудири кулли иҷроияи Ширкати миллии нафтии Абу Забй (ADNOC) доктор Султон Аҳмад ал-Ҷобир баргузор гардид.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди энергетика, инчунин тақвияти ҷалби сармоя ба соҳаҳои калидии ҳамкориҳо баррасӣ гардиданд.

Sulton-Al-CHobir-07-11-2019-1148.jpg

Нигористон

Тақвим