Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон

13.10.2014 13:57

13 октябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Али Акбар Песнаниро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ташкилоти Оғохонро муҳокима намуданд. Ҳамзамон дар мулоқот бархе аз лоиҳаҳои он ташкилот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим