Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо и.в. Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.10.2019 17:32

25 октябри соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари навтаъйини Намояндагии Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷаҳонгир Дурраниро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

PS7A9575-25-10-2019-1731.jpg

Нигористон

Тақвим