11 октябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Раиси ҳайати мудирони ширкати туркии «Само» ва яке аз сарпарастони ҷамъияти таълимии «Шалола» Мустафа Ӯзҷанро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф табодули назар сурат гирифт.
Инчунин дар рафти мулоқот самтҳои фаъолияти минбаъдаи ҷамъияти таълимии «Шалола» дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
