2 октябри соли 2014 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ ҷиҳати таҷлили 600 солагии зодрӯзи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва гиромидошти солгарди забони тоҷикӣ баргузор гардид.
Дар конфронси илмӣ бахшида ба ин ду ҷашни муҳим, олимону донишмандон ва шарқшиносони Олмон, корпуси дипломатӣ, намояндагони диаспораҳои форсизабонони Олмон, инчунин устодони муассисаҳои илмӣ ва донишҷӯёну толибилмони факултаҳои шарқшиносӣ ширкат варзиданд.
Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, мавқеъ ва мартабаи Абдураҳмони Ҷомиро натанҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун мутафаккири замони худ дар рушди тамаддун ва адабиёти форсу тоҷик баланд арзёбӣ кард. Дар идомаи конфронс Раиси ҷамъияти Тоҷикистону Олмон доктор А. Ҳайзер, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд профессор Матлуба Хоҷаева, Замира Ғафорова ва Нуралӣ Нуров бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, дар бораи сатҳи кунунии омӯзиши асарҳои Мавлоно Ҷомӣ иттилоъ доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин мутафаккири тоҷик, ҳамчунин намоишгоҳи китобҳои ӯ омода гардида, пешкаши иштирокчиён гардид.