4 октябри соли 2014 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ненад Пеҷ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо фаъолияти Радиои Озодиро дар Тоҷикистон муҳокима намуда, оид ба масоили густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Радиои Озодӣ табодули назар карданд.
