25 сентябри соли 2014, дар толори Институти адабиёти Академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, бахшида ба таҷлили ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Конфронси байналхалқӣ зери унвони «Абдурраҳмони Ҷомӣ ва замони муосир» баргузор гардид.
Дар кори Конфронс вакилони Маҷлиси Миллии Озарбойҷон, намояндаи ЮНЕСКО дар Озарбойҷон, аҳли илму фарҳанг аз Озарбойҷон, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, намояндагони сафоратҳо ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Боку иштирок намуда, аз баррасиҳо оид ба шахсият ва симои илмиву адабӣ, ҷойгоҳи ирфонӣ ва аҳамияти башарии осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бархурдор гардиданд.
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зоҳир Саидов дар оғози конфронс суханронӣ намуда, аз нақши таърихии мутафаккирон ва орифони тамаддунсози халқи тоҷик дар эҷоди арзишҳои маънавии умумибашарӣ ва аз иқдомоти Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қадршиносии нобиғагони адабу таърихи ниёгонамон, аз ҷумла таҷлили ҷашни 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо қарори дахлдори созмони фарҳангии ЮНЕСКО дар соли 2014 сурат мегирад, ёдовар шуд.
Дар доираи конфронс намоишгоҳи китобҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсии нашри Тоҷикистон, аз ҷумла осори Ҷомӣ баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳии конфронс паёмҳои табрикотии Президенти Академияи Миллии илмҳои Озарбойҷон, академик Акиф Алиев ва Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, котиби масъули Комиссияи корҳои ЮНЕСКО дар Озарбойҷон Г. Эфендиева, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Озарбойҷон Мўҳсини Покойин шунида шуд.
Дар идомаи конфронс суханрониҳои узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзои Муллоаҳмад, ноиби Президенти Академияи Миллии илмҳои Озарбойҷон, академик Исо Ҳабиббейлӣ, академик Теймур Керимлӣ, профессорон Паша Керимлӣ, Меҳди Казимов, Масиоғои Муҳаммадӣ (Озарбойҷон), Сайид Иброҳими Иброҳимӣ (Эрон), Муҳаммад Амни Яъқуб (Афғонистон) ва дигар иштирокдорон доир ба осор ва афкори ҷовидонаи Ҷомӣ ба ҳусни конфронс шаҳомат бахшид.