Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт

14.10.2019 14:49

14 октябри 2019 дар остонаи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Исломобод) Нассор Абдураҳмон ал-Мутайриро ба ҳузур пазируфт.

Дар доираи мулоқот тарафҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ  табодули назар намуданд. 

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо ба манзури таҳкими  дӯстии анъанавии Тоҷикистону Кувайт, ки ба руҳияи муносибатҳои мардумони ду кишвар мувофиқ аст, изҳори рағбат намуданд.

Шоёни зикр аст, ки 15-18 октябри 2019 Рӯзҳои фарҳанги  Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Маросими ифтитоҳии он 15 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ шурӯъ хоҳад шуд.

S7A9262-1/14.10/19/14/47.jpg

 

Нигористон

Тақвим