Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо аъзои Парлумони Аврупо

01.10.2014 13:40

29 сентябри соли 2014 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров бо Шаҳрдори 7-мин ҳавза/минтақаи маъмурии Париж, намояндаи Парлумони Аврупо,  собиқ Вазири адлия хонум Рашида Дати баргузор гашт.

Зимни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, инчунин муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Хонум Рашида Дати ба сатҳи тамосҳои Тоҷикистону Фаронса, аз нҷумла бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, оид ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳори назар кард. Инчунин барои дастгирии қувваҳои ҳарбии Фаронса, ки дар Душанбе мустақар буда, дар Афғонистон дар ҳошияи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ (IFAS) ифои вазифа менамоянд, изҳори ташаккур карда шуд.

Дар навбати худ, Сафир омодагии ҷониби Тоҷикистонро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар формати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Фаронса, ҳамчунин дар сатҳи парлумонҳои Тоҷикистон ва Аврупо баён кард. Алалхусус, таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ ва маориф ҷалб карда шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб, Сафир аз хонум Рашида Дати даъват ба амал овард, то ки ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо камоли мамнуният пазируфта шуд.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим