Мулоқоти Сафир бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия

05.10.2019 16:05

2 октябри соли 2019 дар шаҳри Димишқ мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Файсал ал-Миқдод бо ҳузури Сардори котиботи ӯ, Сардорони раёсатҳои Осиё, консулӣ, ташрифот ва созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии он кишвар  баргузор гардид.

Дар мулоқот мавзӯи меҳварӣ ин масъалаи муайян намудани шахсияту шумораи шаҳрвандони мо дар он кишвар, роҳҳои баргардонидани онҳо ба Ватан буда, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм бо дарназардошти таҷрибаи фаровони он кишвар дар ин самт мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, атрофи вазъияти минтақаи Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

71715639-440623903475742-1284294723011346432-n-05-10-2019-1604.jpg

 

Нигористон

Тақвим