Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Камбоҷа 29 ноябри 1995 барқарор шудаанд.
Сафорати Шоҳигарии Камбоҷа дар Тоҷикистон бо иқомат дар ш.Анқара қарор дорад. Аз 31 январи соли 2025 сафири фавқулода ва мухтори Камбоҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби СОК Чеа мебошад.
8 апрели 2019 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия И.Сатторов бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Камбоҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон К. Висет вохӯрӣ анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.
Аз 14 то 16 июни 2019 Сарвазири Камбоҷа ҷиҳати иштирок дар Панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон Сарвазири Камбоҷаро ба ҳузур пазируфт.
Гардиши савдои хориҷии миёни кишварҳо дар соли 2023 ба 123,800 ҳазор доллари ШМА баробар шуд.
02.03.2025