Иштироки Вазир дар Ҷаласаи 13-уми ҳарсолаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

26.09.2014 11:16

26 сентябри 2014 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Ҷаласаи 13-уми солонаи Вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ қайд намуд, ки рушди иқтисодию  иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бидуни тавсеаи низоми  самараноки транзитӣ,  зербинои нақлиётӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, рақобатпазирӣ, инкишофи иқтисод ва рушди устувор ба мақсади коҳиши сатҳи камбизоатӣ имконнопазир аст.

Ҳамчунин, кайд гардид, ки ба ин мақсадҳо бидуни ҳамкориҳои зич дар минтақа ва сармоягузории миқёсан бузург дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи дуҷониба наметавон ноил гашт.

Иштироки Вазир дар Ҷаласаи 13-уми ҳарсолаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

Нигористон

Тақвим