26 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои Амнияти СММ (CTED) Мишел Конинскс мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону CTED-ро дар самти мубориза бо терроризм мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин ҷонибҳо вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва чолишҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.