25 сентябри 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони “Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим” баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фиҷи, Канада, Марокаш, Португалия, Русия, Сингапур, Швейтсария, Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва СММ- Об баргузор намуд, ки дар он намояндагон ва мутахассисони кишварҳои узви СММ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Қисми якуми чорабинӣ таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин доир гардид, ки дар он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Фиҷӣ Ҷосиа Ворек Ваинимарама, Вазири корҳои хориҷии Португалия Огусто Сантос Силва, Мудири кулли Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сафир Мануэл Сагер, Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ Лю Женмин ва дигар шахсони валомақом суханронӣ намуданд.
Қ.Расулзода зимни суханронии хеш ҳозиринро аз саъйю талошҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” ва омодагӣ ба Конфронси дувуми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати иҷрои Даҳсолаи амал, ки соли 2020 дар Душанбе барпо мегардад, шинос намуда, аз намояндагони кишварҳои узви СММ ҷиҳати иштироки фаъол дар кори конфронс даъват ба амал овард.
Дар идомаи чорабинии мазкур инчунин, Фиристодаи вежаи Нидерланд оид ба масъалаҳои об Хенк Овинк, Директори Институти байналмилали оби Стокголм (SIWI) Торни Холмгрен, намояндаи воломақоми ЮНЕСКО, вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Маҷористон, вазири муҳити зисти Қазоқистон, муовини вазири корҳои хориҷии Финляндия ва дигар намояндаҳои воломақом суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён хатарҳое, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадаанд ва амалҳои муваффақро дар соҳаи об барои бо суръат ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор доданд.
Аксарият саҳми Тоҷикистонро дар татбиқи Даҳсола мусбат арзёбӣ намуда, ба тезонидани амалҳои ҳамгироӣ дар ҳалли масоили захираҳои обу иқлим даъват карданд.