Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мудири кулли ЮНЕСКО

25.09.2019 14:37

24 сентябри 2019 дар ҳошияи Иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи СММ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) доир гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сарвазири Тоҷикистон аз Мудири кулли ЮНЕСКО ҷиҳати иштирок дар ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, ки дар соли 2020 баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

IMG-2424-25-09-2019-1435.jpg

Нигористон

Тақвим