23 сентябри соли 2019 Машваратҳои сиёсии навбатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия хонум Катарина Визер баргузор гардиданд.
Зимни машваратҳо маҷмуи васеи масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва амният баррасӣ гардида, ҷонибҳо рағбати худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона баён карданд.
Масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ низ бозтоб гардиданд.