Ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон

24.09.2014 16:07

22 сентябри соли 2014 дар меҳмонхонаи Серенаи Исломобод чорабинии расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он меҳмони асосӣ Вазири федеролии иттилоот ва радиошунавонӣ сенатор Парвиз Рашид, инчунин намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, парлумон, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Покистон,  доираҳои тиҷоратӣ ва илмиву ҷамъиятии кишвари иқомат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии хориҷии дар Исломобод аккредитатсияшуда,  намояндагони хонадони шоири форсизабон Аллома Муҳаммад Иқбол ва аъзоёни ҷамъияти тоҷикони муқими музофотҳои мухталифи Покистон ширкат варзиданд.

Дар арафаи чорабинӣ дар васоити ахбори оммаи покистонӣ маводҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ба нашр расиданд.

Дар доираи чорабинӣ зиёфат ва намоиши расмҳо оид ба мавзӯъ ташкил карда шуда, китобу нашрияҳо дар бораи Тоҷикистон, фаъолияти байналмилалии он ва маводҳо бахшида ба ҳамкории Тоҷикистону Покистон пешниҳод гардиданд. Инчунин филми видеоӣ роҷеъ ба саммити СҲШ, ки дар таърихи 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе барпо гашт, намоиш дода шуд.

Ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон

Ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон

Нигористон

Тақвим