Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон

17.09.2019 16:10

16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Масқат маросими имзои Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон баргузор гардид, ки онро аз ҷониби Тоҷикистон  Сафири кишвари мо дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло ва аз ҷониби Умон Муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Шайх Халифа ибни Алӣ ибни Исо ал-Ҳорисӣ имзо намуданд.

Баъд аз маросими мазкур ҷонибҳо мулоқот намуда, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд ва перомуни масъалаҳои муҳим табодули афкор намуданд.

WhatsApp-Image-2019-09-16-at-12-35-41.jpeg

 

Нигористон

Тақвим