Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз 17 то 28 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии Вазорат миёни дастаҳои корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат мусобиқаи минифутбол барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ-2019” баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки зимни мусобиқаи мазкур дастаҳои сафоратҳои муқими кишвар аз ҷумла, ИМА, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Россия, Украина, Узбекистон, Иттиҳоди Аврупо ва дастаҳои созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Ҷамъияти Олмонии Ҳамкории байналмилалӣ, ҶСП Бонки Покистон инчунин ду дастаи Вазорат иштирок хоҳанд кард.
Бояд зикр намуд, ки тибқи барнома мусобиқа аз ҳамаруза соати 17:00 то 19:00 идома меёбад.