Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии кишвар 20 сентябри соли 2019 соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев «Фестивали байналмилалии рақсу суруди миллӣ» баргузор мегардад.
Дар Фестивали байналмилалӣ дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқими Душанбе ва доираи санъаткорону ҳунармандони як қатор кишварҳои хориҷӣ рақсу суруди миллии хешро пешкаш хоҳанд намуд.
Ҳадаф аз баргузории ин Фестивал – ошно намудани меҳмонони дохилию хориҷӣ бо фарҳангу маданияти миллии кишварҳо ва вусъати муносибатҳои дӯстона миёни кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, инчунин ривоҷу равнақ бахшидан ба ҳамкориҳои судманд миёни давлатҳои дӯсту бародар мебошад.