Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Директори генералии Маркази тадқиқоти таърих, санъат ва фарҳанги исломии Созмони ҳамкории исломӣ (IRCICA)

16.09.2019 17:43

13 сентябри соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин Директори генералии Маркази тадқиқоти таърих, санъат ва фарҳанги исломии Созмони ҳамкории исломӣ (IRCICA) доктор Халит Эренро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо он Марказ ва натиҷаҳои мизи мудаввар таҳти унвони “Вазъияти кунунии тадқиқот дар самти таърих, санъат ва фарҳанг дар Тоҷикистон”, ки рӯзи 13 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки омӯзиши тамаддуни ислом ва ҳифзи мероси фарҳангӣ барои баланд бардоштани симои мусбати дини ислом дар ҷаҳони муосир муҳим мебошад.

S7A7337-16-09-2019.jpg

Нигористон

Тақвим