12 сентябри 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раиси Бунёди маорифи Туркия профессор Бирол Акгюнро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи маорифро мавриди муҳокима қарор доданд.