Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук дар Брюссел

12.09.2019 20:04

10 сентябри соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук доктор Кунио Микурия баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот Сафир ба ҳамкориҳои пурсамари байни Созмон ва Тоҷикистон ишора намуда, ёдовар шуд, ки онҳо ҷиҳати тақвият бахшидани зарфиятҳои низоми гумрук дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии он мусоидат намуданд.

Доктор Микурия андешаҳои ҷониби Тоҷикистонро идома дода, ҳамкориҳои Хадамоти гумруки кишвар ва Созмони Ҷаҳонии Гумрукро бо мисолҳои мушаххас тавсиф кард.

Ҷонибҳо ба баррасии дурнамои ин ҳамкориҳо пардохта, азми росихи худро дар амри тавсеа ва густариш бахшидани онҳо, бештар истифода намудани имкониятҳои СҶГ дар амри бозомӯзии коршиносони Хадамоти гумрук, боло бурдани сатҳи касбии онҳо  таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот барномаи боздиди қарибулвуқуъи Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Гумрук доктор К. Микурия аз Тоҷикистон, мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва барномаҳои ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ ва ҳамоҳангӣ қарор гирифтанд.

IMG-3425-12-09-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим