Ҷашни Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар Лондон

12.09.2019 19:27

9 сентябри соли ҷорӣ ба муносибати 28-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои бонуфузи шаҳри Лондон ороста шуд.

Дар чорабинии мазкур меҳмонон, аз ҷумла намояндагони доираҳои гуногуни кишвари маҳалли иқомат, маршали корпуси дипломатӣ дар Британияи Кабир, намояндагони вазорату идораҳои Британияи Кабир, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, аъзои парлумон, васоити ахбори омма, донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони муқими Британияи Кабир иштирок карданд.

Сафири кишвари мо дар Британияи Кабир Масуд Халифазода дар оғоз аз меҳмонон истиқбол намуда, дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, сухан гуфта, аз нақши он дастовардҳо дар раванди таъмини сулҳу субот, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва беҳтар намудани накӯаҳволии аҳолии кишвар ёдовар шуд. Илова ба ин, ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамчун дасторвади бузурги нави кишвар дар соли 2019 қайд гардид.

Дар чорабинии  мазкур таъсис ёфтани Палатаи тиҷорати Тоҷикистон ва Британия эълон шуда, ба муносибати эълон шудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон намоиши расмҳо бо инъикоси осори таърихӣ ва табиати нодири Тоҷикистон ва навохтани созҳои мусиқии тоҷикӣ баргузор гардид.

J6A1920-12-09-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим