Таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷӣ

06.09.2019 17:25

6 сентябри соли 2019 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Азамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар сухани табрикии худ истиқлолро беҳтарин неъмат барои ҳар як давлату миллат хонда, онро заминаи боэътимод барои нақшофаринӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ номид.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки ба баракати сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 28 соли истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи шоистаро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Дар поёни суханронӣ Вазири корҳои хориҷӣ тамоми кормандони хидмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мунусибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, дар раванди   пешбурди манфиатҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол муваффақиятҳо  таманно кард.

Дар поёни маросим ба иддае аз кормандони дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишвари мо дар хориҷа барои фаъолияти пурсамарашон мукофотҳои гуногун тақдим гардид.

S7A6988-1-11-09-2019.jpg

S7A6858-1-11-09-2019.jpg

 

Нигористон

Тақвим