31 июли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Раиси Ситоди артиши Давлати Кувайт Муҳаммад Холид Ал-Хузар мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, барқарор намудани ҳамкориҳои низомӣ миёни артишҳои ду кишвар, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва хатарҳои муосире, ки амнияти байналмилалиро халалдор месозанд, баррасй гардида, дар масоили мухимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо бар зарурати табодули сафари ҳайатҳои низомӣ ва таҷриба таъкид намуданд.