31 июли 2019 дар Риёз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар дар масоили консулӣ Тамим Моҷид Ад-Дусарӣ мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои дӯстонаи ду кишвар омодагии худро ба таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.