30 июли 2019 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кан Чже Квонро ба ҳузур пазируфт.
Дар он мулоқот ҷонибҳо бо ишора ба натиҷаҳои нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба кишвари мо, ки 15-17 июли 2019 баргузор гардид, ба иҷрои саривақтии тавофуқоти ҳосилшуда таъкид намуданд. Зимнан ҷонибҳо нақши Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Кореяро дар таҳким ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар баланд арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин пиромуни масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Форуми Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея мубодилаи афкор сурат гирифт.