29 июли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини аввали Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири дифои он кишвар Шайх Носир ас-Сабоҳ мулоқот намуд.
Дар он мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.