25 июли 2019 дар Ню-Йорк дар Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон пешниҳодшуда таҳти унвони “Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” бо аксарияти оро қабул гардид.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи қатъномаи мазкур Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ М. Маҳмадаминов таваҷҷуҳи кишварҳои узви Созмонро ба аҳаммияти рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, соддагардонии муқаррароти тиҷорат, ҳаракати озоди молу хизматрасонӣ ҷалб кард.